ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар Кобул нишасти хабарии гурӯҳи тундрави Толибон* баргузор мешавад.
Сухангӯи ин ҳаракат Забиуллоҳ Муҷоҳид дар муколама бо хабарнигорон гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида бояд эвакуатсияро то 31 август ба анҷом расонад. Вай ҳамчунин афзуд, ки Толибон* баъд аз санаи эълоншуда тахлияро аз Кобул манъ хоҳанд кард.
Расонаҳои Афғонистон хабар доданд, ки Толибон* дастрасии шаҳрвандони Афғонистонро ба фурудгоҳи Кобул манъ мекунанд. Дар ҳоли ҳозир роҳи фурудгоҳ баста аст ва танҳо хориҷиён метавонанд ба фурудгоҳ бирасанд.
Ёдовар мешавем, ки пас аз тағйири қудрат дар Кобул, сокинони маҳаллӣ бо ҳар роҳ саъй мекунанд, ки ба ҳавопаймоҳои хориҷӣ савор шаванд.
Пеш аз ҳама, фарзандони шаҳрвандони Афғонистон, ки бар зидди Толибон* меҷангиданд, ба хизматчиёни ҳарбии хориҷӣ супорида шуданд.
*- гурӯҳи тундрави мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия