Дар Челябинск себҳои "заҳрнок" аз Тоҷикистон ошкор шуд

Дар 62,8 тонна себи аз Тоҷикистону Узбекистон воридшуда ҳашарот пайдо карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Кормандони Росселхознадзори минтақавӣ дар вилояти Челябинск беш аз 66 тонна меваи сироятнок ошкор карданд.
Ҳангоми ташхиси маҳсулоти аз Тоҷикистону Узбекистон воридшуда 9 ҳолати сироятёбӣ бо ашёи зараровар ошкор карда шуд.
Аз ҷумла, дар 62,8 тонна себе, ки аз ду ҷумҳурӣ оварда шудааст, ҳашарот ва дар 3,8 тонна шафтолуҳо аз Ӯзбекистон овардашуда кирми куяи шафтолу ёфт шуд.
Аз ноҳияи Ашт 400 тонна меваи тар ба Русия ва Қазоқистон содир гардид
Тахшиси Росселхознадзор аз 9 то 22 август ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, қаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон интиқоли сабзавоту мева ба Русияро афзоиш додааст.
Дар соли 2021 интиқоли мева ва сабзавот аз Тоҷикистон 38%афзоиш ёфтааст. Ҳамин тариқ, ҳаҷми воридоти имсола аз 4,8 ҳазор тонна то 6,7 ҳазор тонна афзоиш ёфт.
Тоҷикистон содироти меваи хушк, гелос, ангур ва шафтолуро ба Русия афзоиш додааст.