ДУШАНБЕ, 24 авг - Sputnik. Толибон* ният доранд, шӯрои 12 нафараро барои идора кардани Афғонистон, таъсис диҳанд. Дар ин ҳайат, аз ҷумла баъзе аъзои ҳукумати пешин низ хоҳад буд, хабар медиҳад маҷаллаи Foreign Policy бо истинод ба пешвоёни ҳаракат.
Қайд карда мешавад, ки Толибон* намехоҳанд мақоми президент ё ягон раҳбари ягонаи дигарро дар Афғонистон барқарор кунанд.
Ҳамзамон, аллакай гуфта шудааст, ки се шахси бонуфузтарин дар шӯрои ҳукумати нави Афғонистон раҳбари ҷиноҳи сиёсии Толибон* Абдулғанӣ Бародар, раҳбари комиссияи низомии Толибон* Мулавӣ Ёқуб ( писари асосгузори ҳаракати радикалӣ - мулло Умар) ва фармондеҳ, раҳбари гурӯҳи радикалии "Шабакаи Ҳоққонӣ" Сироҷиддин Ҳоққонӣ мебошанд.
Дар барлбари ин онҳо ният доранд, ки ба баъзе мансабдорони ҳукумати қаблӣ дар вазоратҳо курсӣ пешниҳод кунанд.
Ҳамчунин, ба гуфтаи манобеъи наздик ба Ёқуб ва Бародар, Толибон* мехоҳанд Аҳмад Масъуди хурдӣ, писари фармондеҳи маъруф Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари пешини Эътилофи Шимолро дар шӯрои ҳукмрон бубинанд.
Аммо ба навиштаи нашрия, ин аз эҳтимол дур аст, зеро худи Масъуд ҳоло раҳбарии нерӯҳои муқовимат ба Толибон*, воқеъ дар вилояти Панҷшери Афғонистонро ба ӯҳда дорад.
* - ҳаракати террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнуъ аст