ДУШАНБЕ, 23 авг - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъи минтақавиро мавриди баррасӣ қарор дода, ба вазъияти ноороми Афғонистон аҳамияти хоса зоҳир карданд, хабар дод котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Манбаъ тафсилоти суҳбатро ироа накардааст, аммо ин гуфтугӯ дар ҳоле баргузор шудааст, ки 23 август ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои узви СААД баргузор мешавад, ки Ӯзбекистон шомили он нест.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД дар шакли видеоконфронс, вазъ дар Афғонистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви созмон, инчунин вокуниши муштараки муассир ба чолишҳо ва таҳдидҳои эҳтимолии фаромарзӣ баррасӣ мешаванд.
Бар асоси иттилоияи расмӣ, дар ҳамоиши роҳбарони давлатҳо раисиҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко, президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, президенти Русия, Владимир Путин, сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва дабири кулли СААД Станислав Зас иштирок мекунанд.