Солеҳ: Толибон* ба дарвозаи Панҷшер расиданд

Амрулло Солеҳ, муовини аввали пешини раисҷумҳури Афғонистон эълом кардааст, ки Толибон* як рӯз пеш дар дар Андароб ба дом афтиданд ва роҳи Саланг тавасути нерӯҳои муқовимат баста шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Амруллоҳ Солеҳ дар саҳифаи Твиттераш навиштааст, ки Толибон* як рӯз пас аз гирифтани манотиқи камини дараи ҳамсоядараи Андароб, нерӯҳои худро дар наздикии даромадгоҳи Панҷшер ҷамъ карда ва ба сахти якпорча берун рафтанд.
Дар ҳамин ҳол, шоҳроҳи Саланг аз ҷониби нерӯҳои муқовимат баста шудааст. “Заминҳое вуҷуд доранд, ки бояд аз онҳо иҷтиноб кард. Ба умеди дидор”.
Панҷшер ягона вилояти берун аз тасаллути Толибон* аст, ки нерӯҳо таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд дар он ҷамъ омада, таъкид мекунанд, ки алайҳи зӯргӯиҳои ҷангиёни Толибон* мубориза хоҳанд бурд. Нерӯҳои Панҷшер ҷонибдорияшонро аз низоми исломии муътадил баён дошта, таъкид мекунанд, ки қудрат бояд дар дасти ҳукумати ҳамашумул бошад.
*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар