ДУШАНБЕ, 23 авг - Sputnik. Ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар шакли видеоконфронс, таҳти раёсати раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад, хабар дод Вазорати умури хориҷии кишвар.
Ба иттилои манбаъ, дар иҷлосия вазъ дар Афғонистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви СААД, инчунин вокуниши муштараки муассир ба чолишҳо ва таҳдидҳои эҳтимолии фаромарзӣ баррасӣ мешаванд.
Дар ҳамоиши роҳбарони давлатҳо раисиҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко, президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, президенти Русия, Владимир Путин, сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва дабири кулли СААД Станислав Зас иштирок мекунанд.
Ахиран Владимир Путин аз таъсири вазъи Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ба ҳамин восита ба Русия изҳори назар карда буд, чун ҳеч маҳдудияти марбути раводид миёни кишварҳои минтақа ва Русия мавҷуд нест. Ӯ афзуд, ки пайваста бо шариконаш аз Осиёи Марказӣ дар тамос аст.
Инчунин рӯзҳои 15-16 сентябри соли равон дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар назар аст, ки масоили амният яке аз мавзӯъҳои меҳварии он арзёбӣ мешавад.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар