ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Сармуҳосиби Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Нодира Ҳотамова ба азхудкунии бештар аз 1 миллион сомонии донишкада муттаҳам мешавад, хабар медиҳад Агентии мубориза бо фасод.
Бино бар иттилои манбаъ, Ҳотамова дар ин кор танҳо набуда, муҳосибони дигари идора шарикаш будаанд.
"Онҳодар асоси маслиҳати пешакӣ бо муҳосибони донишкадаи мазкур Каримова Ф. А., Абдуллоев М. Р. ва Боймуратова Р.Ф. ҷинояи азонихудкунӣ ва сохтакории хизматиро содир кардаанд", - менависад агентӣ.
Гуфта мешавад, номбурагон бо истифодаи мақоми хизматӣ дар давраи фаъолияти кориашон солҳои 2019-2021 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ маблағи умумии 1079370,77 сомониро тасарруф намудаанд.
Дар ин асос, нисбати Ҳотамова Нодира Азимжоновна ва дигарон бо моддаҳои 245 қисми 4 банди "б" ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шуд.