Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Душанбе интиқоли силоҳ аз Тоҷикистон ба Панҷшерро такзиб кард

Тоҷикистон иттилои иртиботи ҳавоӣ бо Панҷшерро рад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Тоҷикистон иттилои интиқоли силоҳ ва муҳимоти ҷангиро ба Панҷшер такзиб кард, хабар медиҳад РИА Новости дар истинод ба як манбаи огоҳ дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон.
"Маълумоте, ки гӯё чархболҳои нирӯҳои муқовимати афғон аз Тоҷикистон силоҳ ва муҳимоти ҷангиро интиқол додаанд, асос надорад", - изҳор доштааст вай.
Пештар як расонаи афғонӣ, Herat Times хабар дод, ки гӯё ҷабҳаи муқовимати Панҷшер аз Тоҷикистон тариқи чархболҳо силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, манбаи Sputnik Тоҷикистон аз ҷабҳаи Панҷшер ин иттилоъро рад кард.
СПАД дар бораи интиқоли силоҳ аз Тоҷикистон ба Панҷшер: маълумоте надорад
"Иртиботи ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Панҷшер роҳандозӣ нашудааст", - гуфт намояндаи ҷабҳа.
Сипас, дабири кулли СПАД Станислав Зас низ изҳор дошт, ки аз интиқол ёфтани силоҳ ва ҳама гуна муҳимот аз Тоҷикистон ба Панҷшер созмон иттилое надорад.
Панҷшер ягона вилояти Афғонистон аст, ки таҳти назорати ҷангиён нест. Ҷабҳа дар як вилояти кӯҳистонӣ дар шимолу шарқи Кобул фаъол аст, ки аз ҷиҳати аҳолӣ ва масоҳати хурдтарин дар кишвар аст.