ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон зимни суҳбати телефонӣ бо ҳамтои олмонияш, Ҳайко Маас густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардаанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Муҳриддин ва Маас, ҳавасмандияшонро ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ, гуманитарӣ, шарокат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баён доштанд.
"Ҳамсуҳбатон махсусан таъкид карданд, ки ба зарурати таҳкими сарҳад ва иқтидори мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ таваҷҷуҳи бештар дода шавад", - омадааст дар иттилоия.
Аз мавзӯъҳои меҳварии суҳбат вазъ дар Афғонистон ва таъмини амнияти минтақавӣ будааст.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, бо дарназардошти авзои ноором ва мураккаби ҳарбию сиёсӣ дар кишвари ҳамсоя ва марзи муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон ҷонибҳо аҳаммияти таҳкиму тавсеаи ҳамкориро барои андешидани тадбирҳои муассир алайҳи хатарҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризм, тундгароӣ, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир қайд намуданд.
Ҷонибҳо инчунин ба тақвияти робитаҳои гуногунҷабҳа, тамосҳои доимӣ ва густариши муносибатҳо бо истифода аз абзорҳои Иттиҳоди Аврупо ва дигар қолабҳои ҳамкории байналмилаливу минтақавӣ таъкид намудаанд.
Баррасии вазъи Афғонистону минтақа дар ҳолест, ки қудратро дар марзу марказҳои асосии Афғонистон созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон - Толибон* ба даст оварда, эълон намудаанд, ки тибқи қавонини шариат ҳукумат хоҳанд кард.