Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Толибон роҳи афғонҳоро ба фурудгоҳи Кобул бастанд

Шаҳрвандони Афғонистон наметавонанд вориди фурудгоҳи пойтахт шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Ба гузориши ал-Арабия, Толибон (ҳаракати террористӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) вуруди мардуми маҳаллии афғонро ба фурудгоҳи Кобул манъ мекунанд.
"Ҷунбиши Толибон ба шаҳрвандон иҷозаи вуруд ба фурудгоҳи Кобулро намедиҳад", - омадааст дар хабар.
Ёдовар мешавем, ки кӯчонидани шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла дипломатҳо ва афғонҳое, ки дар намояндагиҳои хориҷӣ кор мекунанд, чанд рӯз боз аз ягона фурудгоҳи Кобул анҷом дода мешуд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Қазоқистон Толибон* -ро эътироф намекунад
"Бандари ҳавоӣ" дар ихтиёри артиши ИМА ва дигар кишварҳои НАТО мебошад.
Сухангӯи Департаменти давлатии ИМА Нед Прайс гуфт, ки 6000 нафар интизори тарк кардани фурудгоҳи Кобул мебошанд.
Ёдрас мешавем, ки вазъ дар Афғонистон дар ҳафтаҳои ахир, вақте ки ҷангиёни Толибон дар саросари кишвар ҳамлаи босуръат оғоз карданд, шиддат гирифт: онҳо бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва тамоми гузаргоҳҳои марзиро ишғол карданд.