Ба садри аъзами Олмон кӣ занг зад? телефони Меркел ҳангоми дидор бо Путин садо дод – видео

Ҳангоми гуфтушуниди президенти Русия ва садри аъзами Олмон як ҳодисаи аҷибе рух дод
Sputnik
Садри аъзами Олмон Ангела Меркел бо як боздид ба Русия омад. Вай пеш аз сафар ба Украина бо президенти Русия Владимир Путин дидору гуфтугӯ кард.
Дар оғози музокироти ду раҳбар як ҳодисаи аҷибе рух дод: телефони Меркел занг зад.
Нороҳатӣ дар лаҳзаи суханронии Путин рух дод, аммо раисҷумҳури Русия зоҳиран ба оҳанги занги телефони хонум Меркел аҳамият надод.
Садри аъзами Олмон саросема дасташро ба ҷебаш андохту телефонашро, хомуш кард. Суол ба миён меояд, ки чунин вақти номусоидро барои гуфтугӯи телефонӣ кӣ интихоб кардааст. То ҳол маълум нест.
Музокироти дар фазои бисёр нарму дустона гузашт. Мулоқоти сарони Русия ва Олмон дар паси дарҳои баста беш аз 3 соат идома ёфт