ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Пешбурди сиёсати молиявӣ, хусусан, масъалаҳои андозу буҷет бояд ба ҳавасманд намудани фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ равона карда шавад, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо масъулини бахши молияи кишвар.
Раисиҷумҳур таъкид намуд, ки мақсади таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав на зиёд намудани сарбории андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ, балки содаву шаффоф гардонидани маъмурикунонии он мебошад.
Ӯ аз ҳадафҳои дигари таҳияи Кодекси ҷадид истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ, бартараф намудани таъсири омили инсонӣ ва мусоидат ба густариши раванди саноатикунонии босуръати кишвар хонд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки гузаронидани корҳои назорату санҷиши андозӣ танҳо дар заминаи мавҷудияти далелҳои асоснокшуда ва бо риояи талаботи қонунгузории амалкунанда роҳандозӣ карда шавад.
"Ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ ҷиҳати таъмин намудани мувозинати қисми даромади буҷети давлатӣ тавассути пардохтҳои андозӣ яке аз вазифаҳои асосии Кодекси андоз дар таҳрири нав ба ҳисоб меравад", - афзуд ӯ.
Раисиҷумҳур хостори сода гардонидани раванд ва расмиёти имтиёзҳо ба сармоягузорон ва соҳибкорон шуда, тақвияти ҳамкориҳои байниидоравӣ ва вусъатдиҳии муколамаи давлат бо бахши хусусиро муҳим хонд.
Вазорати молия ва Кумитаи андоз муваззаф шуданд, ки ин масъалаҳои муҳимро дар лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав ба эътибор гиранд.