ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Қазоқистон Толибонро* эътироф намекунад ва вазъи Афғонистонро пайгириӣ дорад, гуфт муовини вазири умури хориҷаи ин кишвар Акан Рахметуллин.
"Мо назорати рушди вазъ дар ин кишварро идома медиҳем. Мо изҳороти Шӯрои амнияти СММ-ро дар бораи зарурати созмони ҳукумати эксклюзивӣ бо назардошти ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи қавмҳо, занон ва иҷрои қавонини байналилалиро дастгирӣ мекунем", - гуфт Рахметуллин.
Ба гуфти ӯ, танҳо риояи шартҳои дар боло зикршуда, метавонад барои оғози гуфтушунид бо ҳукумати Афғонистон асос шавад.
Ӯ ҳамчунин афзуд, ки феълан ҳамаи кишварҳо кори Толибонро* "назорат" мекунад, то дарк кунад, ки то чӣ андоза ин кишвар музокирпазир аст.
Дар баробари ин сиёсатмадор қайд кард, ки Толибон* аллакай дар Кобул ҳастанд ва бояд бо онҳо ҳамкорӣ кард.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар