ДУШАНБЕ, 20 авг - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфтушунид кард.
Яке аз мавзӯъҳои калидии музокироти ду роҳбар вазъи Афғонистон буд.
Дар як нишасти матбуотӣ пас аз мулоқот, раҳбари Русия қайд кард, ки вазъият тавре бояд ба назар гирифта шавад, ки Толибон* қариб тамоми Афғонистонро таҳти назорат гирифтанд.
Путин афзуд, ки пешгирии вуруди террористон ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумла зери ниқоби паноҳандагон муҳим бисёр аст.
Ҳамчунин, раисҷумҳури Русия изҳори умедворӣ кард, ки Толибон ба ваъдаҳои худ ифо мекунанд ва амнияти шаҳрвандони хориҷиро дар Афғонистон таъмин хоҳанд кард.
Дар навбати худ, садри аъзами Олмон ишғоли қудрат дар Афғонистонро аз сӯи Толибон* як лаҳзаи рӯҳафтода тавсиф кард. Меркел афзуд, ки вай аз Русия хоҳиш кардааст, ки дар музокирот бо Толибон* ба масъалаҳои кӯмаки башардӯстона таваҷҷӯҳ кунад.
*- созмони террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва дигар кишварҳои ҷаҳон