Прокуратураи вилояти Суғд ба бинои нав мекӯчад

Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони бинои нави маъмуриии прокуратураи вилояти Суғд дар ҳоли анҷомёбист
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 август - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ахиран дар шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни корҳои сохтмонии бинои нави маъмуриии прокуратураи вилояти Суғд дар микроноҳияи 34-уми маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд ошно шуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотти мақомоти вилояти Суғд.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои нави прокуратураи вилояти Суғд қариб ба анҷом расидааст ва ҳоло корҳои пардозӣ бо суръат идома дорад.
Манбаъ қайд кард, ки тарҳи бино муосир буда, яке аз иншооти хуштарҳи замонавӣ дар шаҳри Хуҷанд мешавад.
Дар вилояти Суғд таъмири роҳи Зафаробод - Бекобод то сарҳади Ӯзбекистон оғоз ёфт
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки дар қаламрави вилоят бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 6500 иншооти таъиноташ гуногун сохта ба истифода дода мешавад.
“Ин имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ ва шароити арзанда ба мардум муҳайё гардад”, - гуфт ӯ.
Гуфта шудааст, ки ба масъулини дахлдор барои бартараф намудани иншооти ғайриқонунии ҳудуди бинои бунёдшудаистода ва кабудизоркунии атрофи он дастуру супоришҳо дода шуд.