Президент хост, миёни онҳое, ки бо пули давлат сарукор доранд, занон бештар бошанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори бештар шудани теъдоди занон миёни кормандони бахши молияи кишвар шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Феълан дар низоми Вазорати молияи Тоҷикистон 1453 корманд фаъолият дошта, аз онҳо ҳамагӣ 329 нафар ё 23 фоиз занону бонувон мебошанд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ин теъдоди занон миёни кормандони бахши молия кофӣ нест. Ӯ инчунин аз камбудӣ дар донишу малакаи кормандони соҳа гуфт.
"То ҳол донишу малакаи на ҳамаи кормандони соҳа, хусусан, дар самти фаъолияти таҳлилӣ, истифодаи технологияҳои молиявӣ ва иттилоотиву коммуникатсионӣ ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошад", - изҳор дошт Раҳмон.
Ӯ таъкид намуд, ки идораи босамари захираҳои инсонӣ омили муҳимми таъмини рушди ҳамаи соҳаҳо ба ҳисоб меравад. Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Вазорати молияро муваззаф намуд, ки барои ислоҳои ин камбудиҳо чораҷӯӣ кунад.
Раҳмон ба мақомдорон: мақсад аз Кодекси нав зиёд намудани сарбории андоз нест
Гилаи раисиҷумҳур аз камбуди занон миёни кормандони бахши молия дар ҳолест, ки ӯ қаблан низ алоқаи зиёди худро ба ҳузури занон дар мақомҳои давлатӣ ва ҳузури муассири онҳо дар ҷомиа баён дошта буд. Аз ҷумла дар як суханрониаш гуфта буд, ки онҳо дар қиёс бо мардон аз омоли коррупсионӣ парҳез мекунанд ва дар кори худ садоқат доранд.