ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки парлумоннишин аст, аз Ҳукумати ҷумҳурӣ хостааст, аъмоли давлатҳоеро, ки низоми Толибонро* эътироф мекунанд, маҳкум намояд.
ҲДТ, ки раёсати онро вакили парлумон, Саидҷаъфар Усмонзода ба уҳда дорад, аз Ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш кардаст, ки дари сафоратхонаҳои Покистон ва Қатарро, ки бо низоми Толибон* ҳамкорӣ доранд, бибандад.
Инчунин таъкид шудааст, ба ҳукуматҳое, ки ин низоми терористиро эътироф мекунанд, эътироз баён карда шавад.
Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хоҳиш шудааст, ки барои гурезагони Афғонистон шароити лозим муҳайё кунад ва ҳама гуна корҳои раводид, таҳияи аснод ва дигар шароитро ройгон фароҳам созанд.
"Масъулони корҳои амният ва гумрук дар марзҳои Тоҷикистон барои гурезаҳои Афғонистон шароити муносиб ва шоиста муҳайё карда, бо онҳо муносибати самимона ва дӯстонаро ба роҳ монанд", - омадааст дар изҳорот.
Демократҳо инчунин аз Ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, барои зиндагии муваққати гурезагони Афғонистон шароит фароҳам оварда, барои онҳо расондани ёриҳои башардӯстонаро бо кумаки мардуми кишвар ба роҳ монад.
Шӯрои сиёсии ҲДТ инчунин аз танг шудани мавқеи шаҳрвандони тоҷиктабори Афғонистон изҳори нигаронӣ кардааст. Ҳизби демократҳои Тоҷикистон аз таҷаммӯи нерӯҳои зиддитолиб таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд истиқбол кардааст.
Феълан Толибон* ба истиснои вилояти Панҷшер музофотҳои боқимондаро зери назорати худ қарор додаанд. Нерӯҳои зиддитолиб дар Панҷшер ҷамъ шуда истодаанд ва эълон медоранд, ки барои озодии Афғонистон мубориза хоҳанд бурд.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар