"Истиқлол" боз дар зинаи авали ҷадвали Лигаи олӣ

Ахиран тими пойтахт ба дастаи "Файзканд"-и ноҳияи Восеъ пирӯз шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Тими "Истиқлол" боз ба зинаи авали ҷадвали Лигаи олӣ баромад, гузориш медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, бозии мавқуфмондаи даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ миёни "Истиқлол" ва "Файзканд" баргузор шуд.
Дар он тими пойтахт пирӯзии комилро бо ҳисоби 0:4 ба даст овард.
Нахустин голи футболбози тоҷик дар Белорус ва шикасти "Динамо Минск"
Мусобиқа дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Алишер Ҷалилов дар охири нимаи аввал ҳисобро кушода, дар оғози нимаи дуюм голи дуюмашро зад. Ду тӯби дигарро Манучеҳр Сафаров вориди дарвозаи ҳариф намуд.
Ҳамин тариқ, пас аз ин вохӯрӣ дар ҷадвали чемпионат тағйирот ба амал омад.
Дастаи футболи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе акнун бо 30 хол дар ҷои аввал қарор гирифт. Дастаи футболи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд бо тафовути як хол (29) дар ҷои дуюм аст. Дастаи футболи "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан, ки 25 хол дорад, сегонаи аввалро ҷамъбаст мекунад.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври 16-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 20-21 август доир мешаванд. 20 август дастаҳои футболи КМВА-и шаҳри Душанбе бо "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд, "Хатлон"-и шаҳри Бохтар бо "Душанбе"-и шаҳри Душанбе, 21 август дастаҳои футболи "Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ бо "Файзканд"-и ноҳияи Восеъ, "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб бо "Эсхата"-и шаҳри Хуҷанд ва "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе бо "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан байни ҳам вомехӯранд.