ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Манбаи асосии даромади Толибон* қочоқи маводи мухаддир, боҷ гирифтан истихроҷи маъдан ва ҷамъоварии андоз мебошад, хабар медиҳад Sputnik Эрон дар истинод ба шабакаи CGTN.
Ба гуфтаи ин шабакаи телевизионӣ, даромади солонаи ин гурӯҳ метавонад то 1,6 миллиард долларро ташкил диҳад.
Ҳамзамон гуфта шудааст, ки Толибон* аксари маблағҳои даромади худро барои маош, аслиҳа ва омӯзиш масраф мекунанд.
Тибқи иттилои ин манбаъ, даромади солонаи Толибон* аз 300 миллион то 1.6 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Барои муқоиса, буҷаи ҳукумати Афғонистон барои соли гузашта 5,5 миллиард долларро ташкил медод.
Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, аз соли 2018 то 2019 эҳтимолан Толибон*беш аз 400 миллион доллар даромад ба даст овардаанд.
Дар ҷаҳон 84 дарсади афюн дар Афғонистон истеҳсол мешавад. Маодин барои Толибон дар соли 2020 ҳудуди 464 миллион доллар судоварӣ доштааст.
Гирифтани боҷ ҳар сол барои ин гурӯҳ 160 миллион доллари дигар фоида меовардааст. Аз ронандагон дар роҳҳои таҳти назорати Толибон* пул ситонида мешавад. Соҳибони мағозаҳо бояд мустақиман ба Толибон* андоз супоранд. Кишоварзон илова бар молиёти амлок 2,5 дарсад 10 дарсад молиёти аз маҳсулоти худ месупоранд.
Толибон* инчунин имкон доранд барои воридоти мол ба кишвар боҷи воридотӣ ҷорӣ кунанд. Гуфта мешавад, ки Толибон* бештари пули худро барои маош, аслиҳа ва омӯзиш сарф мекунанд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар