ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Шоми 19 август писари маршал Дӯстум ва артишаш вориди Панҷшер, ягона вилоят дар Афғонистон, ки ба Толибон (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) таслим нагардидааст, шуданд.
Дар аксҳои нашршуда даҳҳо нафар, инчунин корвони таҷҳизот нишон дода шудаанд. Шумораи дақиқи нирӯҳои таҳти фармондеҳии Ярмуҳаммад Дӯстум мушаххас нашудааст.
Панҷшер ягона минтақаи Афғонистон аст, ки таҳти назорати Толибон нест. Дар он ҷо ноиби президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ, ки вазифаи сарвари давлатро ба ӯҳда гирифтааст ва писари қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмад Масъуди хурдӣ қарор доранд.
Пас аз интиқоли қудрат ба Толибон дар Кобул, низомиёни Абдулрашид Дӯстум низ ба ин вилоят рафтанд.
Онҳо мардуми Афғонистонро ба муттаҳидӣ ва мубориза бо зулми Толибон даъват мекунанд.