Дар маркази Душанбе меҳмонхонаи чорситорадор кушода шуд: "барои меҳмонони олиқадр"

Ин меҳмонхона барои қабули меҳмонони олиқадр сохта шудааст. Манбаъ нагуфтааст, ки меҳмонхона бо сарфи чӣ миқдор маблағ сохта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Соҳибкор Ҷунайдулло Азизов дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе меҳмонхонаи чорситорадор бунёд кард, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки дар маросими кушодашавии меҳмонхона, ки ба ифтихори 30-солагии истиқлол сохта шудааст, кишвардор Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдор Рустами Эмомалӣ ширкат кардаанд.
Тибқи гузориши котибот, меҳмонхона аз 13 ошёна иборат буда, дорои 86 ҳуҷра аст.
Манбаъ мегӯяд, ошёнаи 12-уми бино барои қабули меҳмонони олиқадр пешбинӣ шуда, дар он шароити беҳтарин фароҳам шудааст.
"Дар ин ошёна барои қабулҳои расмӣ дар сатҳи намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ имконият мавҷуд буда, сатҳи баланди хизматрасонӣ барои буду бош ва истироҳати меҳмонон, аз қабили ҳаммом, ошхонаи алоҳида, утоқҳои фароғатӣ ва ғайра ташкил гардидааст", - афзудааст манбаъ.
Дар ошёнаи 13-и бино барои меҳмонони олиқадр қаҳвахонаи дорои беҳтарин шароит ва айвонча барои тамошои шаҳри Душанбе бунёд шудаанд.
Дар бинои муосир ҳамчунин маҷлисгоҳ бо 85 ҷойи нишаст, толори машваратӣ, тарабхона барои қабули 80 нафар, қаҳвахона ва дигар утоқҳои ёрирасон ташкил шудаанд.
Дар Душанбе маҳаллаи замонавии "Баҳор" сохта мешавад: он чӣ гуна хоҳад буд?
Санги асоси меҳмонхонаи "Сафо Душанбе" моҳи октябри соли 2019 гузошта шуд.
Манбаъ афзуда, ки дар баробари ин меҳмонхона дар Душанбе сохтмони боз 12 меҳмонхонаи дигари чор ва панҷситорадор идома дорад.
Гуфта мешавад, ки чунин иншоот ба хотири дар сатҳи баланд қабул намудани меҳмонони хориҷӣ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва иҷлосияи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти дастъҷамъӣ роҳандозӣ гардидааст.