Танку тӯпҳои дурандоз: тамринҳои Тоҷикистону Чин чигуна оғоз шуд

Тамринҳои низомии Тоҷикистон ва Чин се рӯз идома мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 авг – Sputnik. Имрӯз дар Тоҷикистон дар шароити кӯҳсор машқҳои низомии Тоҷикистон ва Чин оғоз шуданд.
Тавре Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, тамрин дар машқгоҳи саҳроии "Марғоб"-и ВКД, дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат дар шароити кӯҳсор роҳандозӣ гардиданд.
Машқҳои тактикии якҷояро сохторҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин оид ба мубориза бар зидди терроризм доир мекунанд.
Айни замон машқҳои тактикии муштарак бо истифода аз силоҳу муҳимоти навтарини муосир, аз ҷумла яроқу лавозимоти ҳарбӣ, танку тӯпҳои дурандоз, неруҳои ҳавоӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва артиллерияи ҷангӣ муваффақона идома доранд.
Гуфта мешавад, мақсади баргузории машқҳои тактикӣ- ин баланд бардоштани малакаи касбии кормандони таъйиноти махсус, табодули таҷриба дар мубориза бар зидди терроризм дар шароити кӯҳсор ва омода намудани кадрҳои баландихтисос маҳсуб мешавад.
Тоҷикистону Чин тамринҳои муштарак доир мекунанд
Ҷараёни машқҳои тактикии якҷояи сохторҳои махсуси ҳарду кишварро муовини Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Саиднахш Раҳмонзода, намояндаи Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин Лю Юнфэн, сардорони раёсатҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ роҳандозӣ намуда, зери назорати Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода қарор дорад.
Хотиррасон менамоем, ки машқҳои мазкур 17 август оғоз гардида, 20 август анҷом меёбанд.