Суҳроби “валютчик” ба 8, 6 сол равонаи зиндон шуд: миллионҳои сокинонро кӣ медиҳад?

Парвандаи судии Абдуҳамидов дар суди ноҳияи Зафаробод баррасӣ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 авг – Sputnik. Суҳроб Абуҳамидов, сокини 45 - солаи шаҳри Истаравшан, ки ба саррофӣ ё “валютикӣ" машғул шуда, миллионҳо сомонии сокинонро барои эҳтиёҷоти худ сарф намудааст, бо қарори суд нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ қабул шудааст.
Парвандаи судии Абдуҳамидов дар суди ноҳияи Зафаробод баррасӣ шудааст. Дар ин бора аз Суди вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Суҳроби “валютчик” дастгир шудааст: баррасии парванда алайҳи ӯ дар суд идома дорад
Бар пояи иттилоъи манбаъ парвандаи Суҳроб Абдуҳамидов бар асоси моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ ба миқдори махусан калон) банду баст шуда, суд нисбати ин сокини Истаравшан ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8, 6 сол таъйин намудааст.
“Баъзе аз ҷабрдидаҳо барои ин ҳукми судӣ қонеъ набуда, алайҳи Абдуҳамидов ба унвонии Суди вилоят шикоят пеш овардаанд”, - гуфт манбаъ.
Прокуратураи вилояти Суғд моҳи феврали имсол дар шарҳи парвандаи ҷиноӣ нисбати Абдуҳамидов иттилоъ дода буд, ки ин сокини шаҳри Истаравшан бо ваъдаи интиқол додани 80 ҳазор доллари амрикоӣ ба кишвари Чин танҳо аз як сокини 34-солаи ҷамоати Савристони ин шаҳр 920 ҳазор сомонӣ гирифта ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст.
Бархеи дигар аз ҷумла хонаводаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар деҳоти Деваштич ва Истаравшан низ дар бораи ба доми фиреби ин сарроф афтидани худ таъкид мекарданд.
Суҳроби “валютчик” куҷост? пайгарди нафаре, ки миллионҳо пули муҳоҷиронро гирифту ғайб зад
Мақомоти тафтишотӣ дар шарҳи оғози парванда алайҳи Абдуҳамидов гуфта буданд, ки ин сокини Истаравшан аз соли 2015 то ин ҷониб фаъолияти бонкиро бидуни ба қайдгирӣ ё иҷозатномаи махсус дар ҳолатҳое, ки чунин иҷозатнома ҳатмӣ мебошад, бо вайрон кардани шартҳои литсензиякунонӣ машғул гардида, бо ин роҳ ба боварии шаҳрвандон даромада, маблағи онҳоро гирифтааст.