Депорти наздики 50 муҳоҷир аз Русия барои занозанӣ дар метрои "Кузминки"

46 хориҷиро аз қаламрави Русия ихроҷ карданд - инҳо ширкаткунандагони занозании оммавӣ дар Маскав мебошанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Раҳбари хадамоти матбуотии пулиси Маскав Владимир Васенин гуфт, 46 шаҳрванди хориҷӣ, ки дар муноқишаи оммавӣ дар назди истгоҳи метрои "Кузминки" иштирок кардаанд, аз Русия депорт шуданд.
Моҳи июли соли равон байни муҳоҷирон дар Маскав задухӯрди оммавӣ рух дод.

"То имрӯз 46 шаҳрванди хориҷӣ аллакай депорт шуданд", - гуфт Васенин дар сӯҳбат бо хабарнигорон.

Ба қарибӣ 41 муҳоҷири дигар аз Русия ихроҷ карда мешаванд, афзуд ӯ.
Занозании Кузминки: 26 қирғизистонӣ барои 40 сол депорт шуданд, дигарон навбат мепоянд
Намояндаи ВКД шарҳ дод, ки бо қарори додгоҳ 87 нафар дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав ба муҳлати 90 рӯз зиндон шудаанд.
Нисбат ба ҳашт иштирокчии муноқиша бо моддаи "Авбошӣ" парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд.
Пулиси Маскав пас аз занозании гурӯҳӣ дар Кузминки амалиёти “муҳоҷир”-ро оғоз кард
Ёдовар мешавем, ки занозании оммавии муҳоҷирон дар наздикии истгоҳи метрои "Кузминки" дар ҷанубу шарқи Маскав рух дод.
Ҳодиса шаби 13 июл дар кӯчаи Зеленодолская ба вуқӯъ пайваст.
Дар ин задухӯрд аз 50 то 200 нафар, ки зодагони кишварҳои осиёи Марказӣ гуфта мешаванд, ширкат доштанд..