ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Ахиран вузарои хориҷаи Тоҷикистону Туркия гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷа.
“Санаи 18 август Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу бо ташаббуси ҷониби Туркия гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод”, - иттилоъ додааст вазорати хориҷа.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни суҳбати телефонӣ вазирон вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркияро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин гуфта шудааст, ки тарафҳо ҳавасмандии худро барои таҳкими равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, инчунин рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ ва маориф таъкид намуданд.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар зимни суҳбати телефонӣ ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва вазъи кунунӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ баррасӣ шуданд.
Ёдрас мешавем, ки санаи 15 август ҳамзамон бо вуруди нерӯҳои гурӯҳи Толибон* ба шаҳри Кобул ва фирори Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон аз ин кишвар, давлати кунуни суқут кард.
Гурӯҳи Толибон* бо тасарруфи Кобул ва дигар манотиқи Афғонистон поёни ҷанг дар ин кишварро эълом кард.
Ҳамакнун гурӯҳи Толибон* бар Кобул ва дигар манотиқи Афғонистон мусаллат аст.
*- созмони террористиии мамнӯъ дар қаламравӣ Русия ва Тоҷикистон