Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Вазири дифои Афғонистон хостори боздошти Ашраф Ғанӣ шуд

Вазири дифои Афғонистон, даъват кардааст, ки Ашраф Ғанӣ дар хориҷ боздошт шаваду ба Кобул интиқол ёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон дар як паёмаш дар “Твиттер” аз пулиси байналмилалӣ дархост кардааст, ки Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешинро, ки аз кишвар фирор кард, боздошт намоянду ба Афғонистон истирдод кунанд, иттилоъ додааст РИА Новости.
Вазири дифоъи генерал Бисмиллохон Муҳаммадӣ аз Интерпол даъват кард, ки Ашраф Ғанӣро, барои "фурӯши Ватан" боздошт кунад.
"Онҳое, ки ватанро савдо мекунанд ва мефурӯшанд, бояд боздошту муҷозот шаванд", - навиштааст ӯ дар Твиттер ва зери навиштааш хэштаги "Интерпол, Ғаниро ҳабс кунед" илова кардааст.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи якшанбе расонаҳо хабар доданд, ки ҷангҷӯёни Толибон* тамоми гузаргоҳҳои марзиро таҳти назорат доранд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, Ғанӣ бо чӣ миқдор пул фирор кард
Дертар ҷангҷӯён эълон карданд, ки вориди шаҳри Кобул шуданд ва қасри раёсатҷумҳуриро таҳти назорат гирифтаанд.
Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон худи ҳамон рӯз истеъфо дод ва аз кишвар фирор кард. Ӯ баъдан навишт, ки "ба хотири пешгирӣ аз қатли ом" кишварро тарк кардааст.
Шаби душанбе сухангӯи расмии дафтари сиёсии Толибон * Муҳаммад Наим гуфт, ки ҷанг дар Афғонистон ба поён расидааст ва шакли ҳукумат дар ояндаи наздик равшан хоҳад шуд.
* - Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон, Русия ва чанд кишвари дигар мамнӯъ аст.