Толибон* ба охирин яҳудии Афғонистон кафолат дод, ки касе ӯро намеранҷонад

Намояндаи ҷунбиши Толибон* ахиран ба як шабакаии исроилӣ гуфт, ки онҳо ҳуқуқи аққалиятҳои Афғонистон, аз ҷумла ҳуқуқи охирин яҳудӣ дар ин кишварро, эҳтиром хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Суҳейл Шоҳин, сухангӯи Толибон ахиран ба хабаргузории Kan News исроилӣ таъкид дошт, ки ӯ охирин яҳудии Афғонистонро намешиносад ва давлати ҷадид кушиш хоҳад кард ба ҳамаи ақаллиятҳо зарар нарасонад.
“Мо ба ақаллиятҳо зарар намерасонем. Дар кишвар сикхҳо ва ҳиндуҳо ҳастанд ва онҳо озодии дин доранд", - гуфт намояндаи ҷунбиши Толибон*.
Вай таъкид кард, мардум набояд тарсанду фирор кунанд. Таъкид шуд, ки ҷори намудани шариат ба кишвар марги бештар намеорад балки баръакс ба кишвар бештар сулҳу субот меорад.
“Ман намефаҳмам барои чӣ мардум фирор мекунанд. Ҳеҷ чизе дар ин ҷой рӯх нахоҳад дод. Мо бояд боварӣ дошта бошем, ки сулҳ барқарор мешавад”, - гуфт Суҳейл Шоҳин.
Амруллоҳ Солеҳ худро роҳбари Афғонистон эълон кард
Ба гуфтаи ӯ, дар бист соли ахир ҳузури Амрико дар ин кишвар "ишғоле буд, ки мардуми Афғонистон онро намехост".
Ёдрас мешавем, ки қаблан Симантови 61-сола охирин яҳудии афғон нақша дошт, ки пас аз мавсими идҳои баланд, ки моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад, аз Афғонистон ба Исроил биравад. Аммо ахиран вай эълон кард, ки кишварро тарк нахоҳад кард.
"Ман аз хонаам намеравам" - гуфт ӯ ба телевизиони англисии Ҳиндустон WION.
Ҳамсараш, як зани яҳудӣ аз Тоҷикистон ва ду духтари онҳо аз соли 1998 дар Исроил ба сар мебаранд. Аммо Симантов дар зодгоҳаш Афғонистон монд, то синагогаеро, ки дар шаҳри Кобул воқеъ аст нигоҳубин кунад.
"Ман тавонистам аз синагогаи Кобул мисли шери яҳудиён дифоъ кунам" - гуфт ӯ ба рӯзномаи Арабистони Саудӣ.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Даъвати Толибон* аз мардуми осоишта барои супоридани силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ
Ёдовар мешавем, ки ҷангҷӯёни Толибон* 15 август вориди шаҳри Кобул шуданд. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ истеъфо дод ва кишварро тарк кард. Толибон аз анҷоми ҷанг дар Афғонистон ва интиқоли қудрати пурра ба онҳо хабар доданд. Дипломатҳои хориҷӣ ва шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ фавран қаламрави Афғонистонро тавассути фурудгоҳи Кобул тарк доранд. Ҳама гузаргоҳҳои марзӣ дар замин зери назорати Толибон қарор доранд.
* - Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон, Русия ва чанд кишвари дигар мамнӯъ аст.