Ашраф Ғанӣ ҷояшро гуфту эълон кард, ки ба Афғонистон бармегардад - видео

Ашраф Ғанӣ, собиқ раисиҷумҳури Афғонистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб паноҳгоҳ ёфтааст. Ӯ худаш низ зимни як пахши мустақим ин иттилоъро тасдиқ карда, афзуд, ки ба Афғонистон бармегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб бо нашри як изҳороти кӯтоҳе эълон доштааст, ки раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ ва оилааш дар қаламрави ин кишвар қарор доранд. Ин ниҳод сабаби истиқбол аз Ашраф Ғанӣ дар ин кишварро далоили башарӣ гуфтааст.
Худи Ашраф Ғанӣ баъди чанд рӯзи хомӯшӣ шоми 18 август тариқи як тамоси видеоӣ бо мардуми кишвараш фирорашро шарҳ дод. Ғанӣ дар пахши мустақим гуфт, Толибон* ва ҳамкорони дохилию хориҷияшон талаб доштанд, ки то замоне ӯ дар Кобул ҳаст, роҳи мусолиматомез нахоҳад буд.
Ғанӣ фирораш барои манфиати молию ҳифзи ҷони худро рад кард. Ӯ гуфт, бо як пироҳан тарки ватан карду бузургтарин сармояи зиндагияш, китобҳояшро низ натавонист бо худ бигирад.

“Қасди фарор надорам. Феълан дар Иморот астам, то аз хунрезӣ ҷилавгирӣ шуда бошад. Ҳамин ҳоло дар машвара астам, то ба Афғонистон баргардам ва ба талошҳо барои таъмини адолат, ҳокимияти афғонҳо, барои арзишҳои воқеии исломию миллии мардуми Афғонистон бо ҳам мубориза кунем”, - таъкид намуд Ғанӣ.

Ба нақли Ғанӣ, дақиқаҳо баъди баромаданаш аз Кобул, Толибон* ва чеҳраҳои ношинос, ки бо забонҳои роиҷ дар Афғонистон балад набуданд, вориди Арк шуданду утоқ ба утоқ гашта, ӯро меҷустанд.
Ғанӣ рӯзи 15 август дар ҳоле ки Толибон* дар канораҳои Кобул қарор доштанд, аз Афғонистон фирор кард. Ӯ далели тарки кишвар карданашро ҷилавгирӣ аз хунрезӣ дар Кобул хондааст, аммо бисёре аз сиёсатмадорону шаҳрвандони Афғонистон ин амалашро хиёнат ба халқу ватан унвон карданд.
Дар рӯзҳои аввал аз фирори Ғанӣ ба Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Оман гузориш мешуд, аммо расман ин иттилоъ такзиб гардид.
Генерал Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, таъкид дошт, ки Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон дастовардҳои 20-солаи кишварро зери по гузошту кишварро номардона тарк кард. Ӯ афзуд, ки Ғанӣ бо худ ҳудуди 169 миллион доллари нақди мардуми Афғонистонро низ бурдааст.
Суҳбат ва созиши Путину Раҳмон барои мусоидат дар ҳалли сулҳомези қазияи Афғонистон
Дар ҳамин ҳол Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон, ки гуфта мешавад, худаш низ дар берун аз кишвар қарор дорад, дар як паёмаш дар “Твиттер” аз пулиси байналмилалӣ дархост кардааст, ки Ашраф Ғаниро боздошт ва ба Афғонистон истирдод кунанд.
Генерал Бисмиллохон Муҳаммадӣ дар хитоб ба Интерпол ҷинояти Ашраф Ғаниро "хиёнат ба Ватан" гуфтаст.
Феълан Толибон* марзҳою марказҳои Афғонистонро ғасб кардаанд. Дар Панҷшер, танҳо вилояти берун аз тасаллути Толибон* нерӯҳои зиддитолиб ҷамъ омадаанду иддао доранд, ки алайҳи ин гуруҳ муқовимат хоҳанд кард.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар