Эрон эълон кард, ки сафораташ дар Кобулу сарконсулгариаш дар Ҳирот боз ва фаъол шудаанд

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон эълом кардааст, ки сафорати ҷумҳурии исломӣ дар Кобул ва Сарконсулгарии Эрон дар Ҳирот боз ва фаъол шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Саиди Хатибзода, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон ахиран дар бораи боз будани сафорати Эрон дар Кобул ва ҳамчунин Сарконсулгарии Эрон дар шаҳри Ҳирот хабар дод, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.
“Ҳам сафорат дар кобул ва ҳам Сарконсулгарии дар Ҳирот комилан боз ва фаъол ҳастанд”, - гуфт сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон.
Гуфта шудааст, ки оқои Хатибзода пеш аз ин ҳам зимни ибрози нигаронӣ аз ташдиди хушунатҳо дар Афғонистон, бар тавваҷуҳи Толибон (созмони террористии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) дар таъмини амнияту саломати комили дипломатҳо ва маконҳои дипломатӣ дар Ҳирот таъкид карда буд.
Изҳороти Лавров дар бораи Толибон - видео
Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон қайд карда буд, ки вазорати умури хориҷа ҳамеша бо кормандони сафорату консулгариҳояш дар Кобулу Ҳирот дар тамос аст.
Ёдрас мешавем, рӯзи якшанбе ҷангҷӯёни Толибон* вориди пойтахти Афғонистон шуданд.
Фармондеҳии ҷангҷӯён дастур додааст, ки аз хушунат худдорӣ намоянд ва ҳар нафареро, ки мехоҳад шаҳрро тарк кунад, раҳо намоянд.
Толибон* ҳамчунин ваъда доданд, ки амнияти ҳамаи дипломатҳоро дар Афғонистон таъмин хоҳанд кард.
* - созмони террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон