ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Марди 45 - сола дар ноҳияи Хуросон духтари 9-соларо таҷовуз карду ба қалт расонд, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки ин ҳодисаи нангин, нисфирӯзии 16-уми август рух додааст.
Ба нақли ВКД, марди 45-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Ӯ дар ҳолати мастӣ духтарчаи 9-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳилолирро ба манзили истиқоматиаш оварда ӯро таҷовуз кардааст.
"Ӯ дидаву дониста, ки номбурда хурдсол буда, дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад, бо номбурда ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом дода, бо тариқи маҷбурӣ 2-маротиба ба номусаш таҷовуз намудааст", - омадаатс дар хабарнома.
Сипас, гумонбаршаванда бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти содир намудааш, духтарбачаи хурдсолро ба саҳни ҳавлии манзили истиқоматиаш бурда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан аз гарданаш бӯғӣ намуда, ба қатл расонидааст.
Манбаъ афзуда, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 104 қисми 2 ва 138 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳоло мардуми Тоҷикистон пас аз ҳодисаи қатли ваҳшиёнаи Руфейда ба худ наомадааст.
Ҳодисаи куштори ваҳшиёнаи Руфейда Иноятоваи 8-сола, ки 4 июли соли равон рух дод, аз масоили пурбаҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ буд.
Ааз рӯи ин ҳолат нисбати Гадоев бар асоси моддаҳои 138 - таҷовуз ба номус ва 104 - куштор, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Ин моддаҳои Кодекси ҷиноии Тоҷикистон то ҳабси якумраро пешбинӣ мекунанд.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода, куштори духтарчаи 8-сола Иноятова Руфейдаро мудҳиш унвон кард ва гуфт, даст доштани модари гумонбаршаванда дар куштор, тафтиш мешавад.