Аҳмад Масъуд нақшааш барои ояндаи Афғонистонро гуфт: тақсими одилонаи сарвату қудрат

Аҳмад Масъуд, аз саркардаҳои муқовимати ҷадид алайҳи зӯргӯиҳои Толибон* дар Афғонистон эълон кард, ки ояндаи кишварро чигуна мебинад. Ӯ таҷзияи одилонаи сарвату қудратро ба миён гузошта, низоми феълии давлатдориро омили асосии бесуботӣ донист
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Аҳмад Масъуд, ки феълан дар ягона вилояти берун аз тасаллути Толибон* қарор дорад, дар як ҳамоиши бузург бо ҳузури ҷонибдоронаш бархе аз дидгоҳҳояш барои ояндаи давлати Афғонистонро баён дошт.
Масъуд зимни суҳбат аз интихоботу раъйи мардум изҳор дошт, ки он дар шароити сулҳи воқеӣ дар заминаи мушорикати тамоми мардум салоҳ аст ва интихоботеро, ки дар шароити феълӣ бошад чандон ба нафъи мардум намедонад. Навори ин мулоқот дар шабакаҳои афғонӣ нашр гардидааст.
Ӯ афзуд, ки феълан фурсати тиллоие дар Афғонистон барои сулҳи пойдор мебошад, агар мудурияти дуруст шаваду намояндагони воқеии мардум ҳузур дошта бошанд, сиёсатмадорон ҳамкорӣ кунанд, хунрезӣ хотима меёбад.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Дар ИМА гуфтанд, кӣ раҳбари Афғонистон мешавад
“Миллати мо аз хунрезӣ, куштор ва ҷанг хаста шудаст, хостори сулҳ аст. Аммо ба маъное нест, ки миллати мо аз муборизаи барҳақашон қадаме ба ақиб гузоранд. Мо дар сурати ниёз ба муборизаҳои худ идома медиҳем ва дар канори нерӯҳои амниятии худ меистем. Мо миллати сулҳҷӯй ҳастем ва дар айни ҳол миллати мубориз, муборизаи барҳақ дорем”, - изҳор дошт Аҳмад.
Ӯ дар зимн таъкид намуд, ки дасташ ман чун дасти падараш барои сулҳи воқеӣ ва дӯстии воқеӣ ҳамеша дароз аст.

“Сулҳро як амри иллоҳӣ, суннати динӣ ва ниёзи миллӣ медонем. Ҳеч вақт ба дунболи низоъ ва ҷанг набудем. Тамоми шуҳадои мо бар ин буданд. Ҷиҳоду муборизаи мо ҳамеша дифоӣ буда, ҳеч вақт таҷовузу зулме накардем, дар мудофиаи сарзамин ва мардуми мазлуми Афғонистон будем”, - таъкид намуд Масъуд.

Аҳмад Масъуд тавзеҳ дод, ки сулҳи боиззат он аст ки ҳеч як аз тарафҳои даргир дар натиҷаи сулҳ эҳсоси хатар ва таҳқир накунаду сулҳ ба маънои хатми доимии ҷанг дар Афғонистон бошад. Баъд аз сулҳ набояд ҳеч гуруҳе силоҳ дар даст дошта бошад ва ба хотири аҳдофи сиёсию боварҳои худ даст ба силоҳ ва хушунат бизанад, таъкид намуд ӯ.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Сафири Русия дар бораи пуштибонӣ наёфтани Солеҳ ва нақшаи Толибон* дар Панҷшер
Масъуд яке аз омилҳои асосии буҳрон дар Афғонистонро сохтори мутамаркази қудрат хонд. Ӯ афзуд, то вақте ин мушкили сохтори қудратро ҳал накунем, сулҳ ба маънои хатми ҷанг шояд бошад, аммо ба маънои хатми буҳрон, пешрафти Афғонистон ва Ваҳдати Афғонистон нахоҳад шуд.

Пешниҳоди Масъуд дар мавриди давлатдорӣ дар Афғонистон

“Сохтори мутамаркази қудрат буд, ки ҳамеша боиси фасод, истибдод, бесуботӣ, ақибмондагӣ, фақр ва дар ниҳоят ҷанг шудаст. Чун ҳама чиз дар як нуқтаю дар Арк хулоса шуда буд, тарафи бозанда рафта, ба кумаки як кишвари дигар омада, ҳарифи худро задаст. Ҳамеша аз ихтилоф душманҳои берунии Афғонистон истифода карданд”, - изҳор дошт ӯ.
Вай бо ишора ба ҳаққи мардум барои муайян сохтани сарнавишти худ, афзуд, ки бо ҳифзи танаввӯи фарҳангӣ, қавмӣ, мазҳабӣ мардум муттаҳид бо ҳуқуқҳои баробар ва бархӯрдор аз адолати иҷтимоӣ хоҳад шуд.

“Низоми ғайримутамарказе, ки дар он мушорикати ақвом ва тақсими сарвату қудрат одилона бошад, омили аслии давлатдории солим, адолати иҷтимоӣ, суботи сиёсӣ, сулҳи пойдору рушди Афғонистон хоҳад буд, ки кишварро аз орӣ аз ифротияту маводи мухаддир хоҳад кард”, - ояндабинӣ намуд Масъуд.

Ӯ дар сиёсати хориҷӣ риояи таодул ва муносибот ба ҳамаи кишварҳоро зарур хонда, дар маҷмуъ таъкид намуд, ки эътимодро танҳо бояд ба мардуми худ, ба уламою муҷоҳиддин кард. Афзуд, ки чун падараш пайгири як низоми исломии муътадил аст.
“Ҳимоят ва эътимоди мардум ба андозае кофӣ аст, ки Ватанро дар муқобили ҳаргуна таҷовуз ба дифоъ бигирад. Ниёзе ба ҳимоят ва ҳузури ҳеч касе надорем. Эътимоди мо ба Худо, ҳимояти мардум ва ҳузури муҷоҳиддин барои дифои ин сарзамин кифоят мекунад”, - изҳори итминон кард Масъуд.
Ин изҳороти Аҳмад Масъуд дар ҳолест, ки феълан Толибон* қисми зиёди Афғонистонро ишғол кардаанд ва Панҷшер ягона вилоятест, ки берун аз идораи ҷангиёни созмон қарор дорад. Бархе аз сиёсатмадарон ва низомиёни Афғонистон дар ин дара паноҳ бурда, ният муқовимат ба гуруҳи Толибонро* доранд.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар