ДУШАНБЕ, 17 авг - Sputnik. Толибон* рӯзи сешанбе афви умумӣ эълон карданд ва аз шаҳрвандон даъват намуданд, ки ба кор баргарданд.
Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба Agence France Presse хабар медиҳад.
"Афви умумӣ эълон шудааст ...шумо метавонед бо боварии комил ба ҳаёти ҳаррӯзаи худ баргардед", - менависад Ожонсӣ аз қавли Толибон*.
Дар баробари ин, ожонсӣ қайд мекунад, ки сухан дар бораи афви ҳамаи мансабдорони давлатӣ меравад.
Вазъият дар Афғонистон ҳафтаҳои ахир якбора шиддат гирифт ва Толибон* ба шаҳрҳои бузург ҳаракат карданд.
Рӯзи якшанбе расонаҳо гуфтанд, ки ҷангиён тамоми гузаргоҳҳои марзиро таҳти назорат доранд.
Дертар ҷангиён гуфтанд, ки вориди Кобул шуда, қасри раёсатҷумҳуриро таҳти назорат гирифтаанд.
Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ки "барои пешгирии қатли ом" кишварро тарк кардааст.
Шаби душанбе сухангӯи расмии дафтари сиёсии Толибон * Муҳаммад Наим гуфт, ки ҷанг дар Афғонистон ба поён расидааст ва шакли ҳукумат дар ояндаи наздик равшан хоҳад шуд.
* - Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон, Русия ва чанд кишвари дигар мамнӯъ аст.