ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Муҳаммаднаим Вардак, сухангӯи гурӯҳи Толибон*, ки дар Қатар ба сар мебарад дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиюнии Al-Jazeera, итминон додааст қаламрави Афғонистони ҷое барои таҳдиди афрод ё гурӯҳҳо алайҳи амнияти кишварҳои дигар нахоҳад буд.
Вай афзуд, ки Толибон мехоҳанд низоми исломии мустақилро дар Афғонистон ташкил диҳад, то битавонад ба ниёзҳои мардуми ин кишвар посух диҳанд ва ҳамеша дар хизмати мардум бошанд.
Муҳаммаднаим Вардак қайд кард, ки умедвор аст аз имрӯз ба баъд Афғонистон амн бошад ва мардум зиндагии орому осуда дошта бошанд.
Ёдрас мешавем, рӯзи якшанбе ҷангҷӯёни Толибон* вориди пойтахти Афғонистон шудаанд.
Бино ба гузориши расонаҳо, фармондеҳии ҷангҷӯён дастур додааст, ки аз хушунат худдорӣ намоянд ва ҳар нафареро, ки мехоҳад шаҳрро тарк кунад, раҳо намоянд.
Толибон ҳамчунин ваъда доданд, ки амнияти ҳамаи дипломатҳоро дар Афғонистон таъмин хоҳанд кард.
* - созмони террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон