Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Қодиров аз Тоҷикистон хост ҳушёр бошаду аз хатари он тарафи марз ҳушдор дод

Роҳбари Чеченистон аз давлатҳои Осиёи Марказӣ хост, ҳушёр бошанд. Ӯ аз хатарҳои бархоста аз қаламрави Афғонистон ҳушдор дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Рамазон Қодиров, роҳбари Чеченистон зимни пахши мустақим дар саҳифаи писараш дар Instagram ба кишварҳои иттифоқчӣ дар Осиёи Марказӣ муроҷиат кард.
"Давлатҳои иттифоқчии мо дар Осиёи Марказӣ бояд марзҳояшонро мустаҳкам кунанду барои раванди бадтарини авзоъ омода бошанд", - изҳор дошт сиёсатмадор.
Ӯ таъкид намуд, ки Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон бояд эҳтиёткору ҳушёр бошанд. Аз марзи Афғонистон хатар бармехезад, ҳушдор дод Қодиров.
Вай илова намудааст, ки аъмоли ИМА дар Афғонистон чизе ҷузъ қурбонӣ дар пай надошт.
Роҳбари Чеченистон ҳаводиси феълии Афғонистонро моҷароҷӯии навбатии ИМА алайҳи мусалмонон хонд.
Кӯч додани нерӯҳои ҳавоии Амрико ба кишварҳои Осиёи Миёна ба кӣ суд меорад
Қодиров таъкид намуд, ки мақомот қодиранд ба ҳар нафаре, ки ба давлат, мустақилият ва мардум таҳдид кунад, посухи қатъӣ диҳанд.
Ин ҳушдорҳои Қодиров дар ҳолест, ки ахиран Толибон* аксари қисмҳои Афғонистон, аз ҷумла пойтахт- Кобулро ишғол намуданд.
*- созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар