ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. ВУД Тоҷикистон мегӯяд, субҳи 14-уми август ронандаи “Мерседес-Бенс”, Саидҳомуддинов Муҳамадҷони 29-сола дар ноҳияи Данғара пиёдагард Ғашова Шарофати 59-соларо зер кардааст. Дар натиҷа пиёдагард дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Садамаи дуюми маргбор баъди зуҳри 14-уми август рух додаст. Ронандаи “Тойота-Корола”, Сайдуллоев Насимҷони 33-сола ҳангоми ҳаракат дар ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Нуробод, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба бетони канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур, Сайдуллоев Ҳамза, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Кӯлоб,
Ҳамчунин15-уми август ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Чақалов Исматуллои 38-сола, ҳангоми ҳаракат дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи мазкур аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, бо “Моторола”, таҳти идораи Баротов Ғулом бархӯрдааст. Ронандаи "Моторола" дар роҳ ба беморхона ҷон додаст.
Инчунин ронандаи “Мерседес-Бенс”, Раҳмонов Исломиддини 40-сола ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қизил-қалъаи ноҳияи Хуросон велосипедрони ноболиғ Бутаев Шаҳобиддин, зодаи соли 2004-ро зер намудааст. Дар натиҷа ноболиғ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ВУД афзуд, ки 15-уми август ронандаи “Ласети”, Холалиев Бекмурод, зодоаи соли 1999, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи идора кардани автомашинааш набаромада, онро ба канори рости роҳ чаппа намудааст. Дар натиҷа, мусофири автомашина, Халилзода Ҳасани 23-сола, сокини ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи А.Ҷомӣ ҷон додааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон афзуд, ки феълан аз рӯи ин ҳолатҳо таҳқиқот идома дорад.