Нуҳ паҳлавони тоҷик дар Русия барои қаҳрамонӣ зӯрозмоӣ мекунанд

Иттиҳоди ҷаҳонии куштӣ аз оғози чемпионати ҷаҳонии ҷавонон дар шаҳри Уфа хабар дод, ки паҳлавонҳои тоҷик низ дар зӯрозмоӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, пас аз 729 рӯзи танаффус ба далели коронавирус Иттиҳоди ҷаҳонии куштӣ чемпионати ҷавононро баргузор мекунад.
Ба иттилои манбаъ, ин сабқати ҷаҳонӣ бо иштироки беш аз 500 варзишгар аз 52 давлат рӯзи 16 август оғоз шуда, то 22 август дар шаҳри Уфаи Русия давом мекунад.
"Чемпионат 16 август бо мусобиқаи куштии озод оғоз гардид ва сипас то 22 август бо гуш занон ва мусобиқаи юнониву римӣ идома меёбад", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки тими мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи куштӣ миёни ҷавонон дар ҳайати 9 нафар ба Русия сафарбар шуданд, ки аз рӯи куштии озод ва куштии юнонӣ-римӣ зӯрозмоӣ мекунанд.
Темур Раҳимов дар Чемпионати ҷаҳон ҳафтум шуд
Дар риштаи куштии тарзи озод Тоҷикистонро дар вазни 61 кг – Хайрулло Кулулов, 65кг – Мустафо Ахмедов, 70кг – Ҷаъфарбек Қурбонов, 74кг – Саидасан Ашрафхонов ва дар вазни 79 кило Абубакр Шукуров намояндагӣ мекунанд.
Барои унвони қаҳрамонӣ дар риштаи куштии юнонӣ-римӣ аз Тоҷикистон дар вазни 55кг – Асламҷон Азизов, 60кг – Фирӯз Мирзораҷабов, 67кг – Нозимҷон Собиров ва дар вазни 72 кило Шероз Очилов зӯрозмоӣ мекунанд.