Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз фурудгоҳи Кобул наворҳои тоза нашр мешаванд.
Дар он издиҳомеро метавон дид, ки мушавваш ба ҳар ҷониб медаванд. Кор то ҷое расидааст, ки онҳо ҳангоми парвози ҳавопаймо меафтанд. Гуфта мешавад, афтидагон нафароне буданд, ки ба танаи ҳавопаймо часпида, мехостанд парвоз кунанд.
Фурудгоҳи Кобул ягона фуругоҳест, ки таҳти контроли Толибон (ҳаракати эктремистӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) нест ва аз ҷониби нерӯҳои амрикоӣ ва бритониёӣ феълан амнияти он таъмин мешавад.
Аммо наворҳо нишон медиҳанд, ки шаҳрвандон на ба садои тир, на мақовимати низомиён аҳамияте намедиҳанд ва кӯшиши ворид шудан ба фурудгоҳро мекунанд.
Дар як навор сокинони Кобул тавассути девор ва ресмон вориди фурудгоҳ мешаванд.
Дар навори дигар, мардум дари дохили толори фурудгоҳро шикаста вориди он мешаванд. Маълум нест, ки онҳо куҷо медаванд ва тавассути кадом хатсайр ва ба куҷо парвоз кардан мехоҳанд. Возеҳ он аст, ки роҳи гурезро аз вазъе, ки дар Афғонистон ба миён омадааст, пайдо кардан мехоҳанд.
Тавре телевизиони Афғонистон хабар додааст, гӯё дар байни сокинон овозае паҳн шудааст, ки амрикоиҳо сокинони Афғонистонро тавассути ҳавопаймо бидуни ягон санад ва чипта интиқол дода истодаанд ва ин овоза боиси рехтари сокинони Кобул ба фурудгоҳ шудааст.
Тибқи дигар маълумотҳо бархеи дигар ин маконро барои он интихоб кардаанд, ки таҳти контроли Толибон нест ва бархе чанд муддат дар фурудгоҳ монда ба манзилҳошон баргаштаанд.
Теъдоди ҷамъомадагон дар фурудгоҳи Кобул феълан беш аз 2 ҳазор нафар гуфта мешавад ва ин маълумот дақиқ несту ҳар лаҳза тағйир меёбад. Инчунин иттилоъ дода шуд, ки ҳадди ақал панҷ нафар дар пайи танбашавию тирпаронӣ дар фурудгоҳ ба ҳалокат расидаанд.
Ёдрас мешавем, нахустин фирорӣ аз хоки Афғонистон баъди тағйири қудрат дар ин кишвар Ашраф Ғанӣ, аллакай собиқ раисҷумҳури ин кишвар гуфта мешавад.
Тибқи иттилоъҳои тасдиқношуда, ӯ тавассути Тоҷикистон ба кишвари сеюм фирор кардааст. Ҳамчунин бештар аз 100 низомии афғон имрӯз вориди Бохтар шуданд.