Фавт нест: вазорат омори нави гирифторӣ ба COVID – 19 дар Тоҷикистонро эълон кард

Шабонарӯзи ахир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати фавт аз бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, мегӯянд мақомоти Тоҷикистон
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 авг – Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон омори ҷадиди сироят ва шифоёбӣ аз вируси коронаро эълон кард.
Тибқи иттилои ин ниҳод шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 60 ҳолати ҷадиди гирифторӣ ба COVID - 19 ба қайд гирифта шудааст.
Бар асоси омори нашркардаи ин ниҳод, шумораи гирифторон ба ин вирус нисбат ба шумори шифоёфтагон дар як шабонарӯз камтар мебошад.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар як шабонарӯзи гузашта 85 нафар шифо ёфтаанд.
Яке аз роҳбарони собиқадор дар Хатлон даргузашт: аз коронавирус азият мекашид
Масъулини вазорати тандурустии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки дар шабонарӯз ягон ҳолати фавт аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Охирин ҳолати марг аз коронавирус расман дар ҷумҳурӣ 10 август сабт шуда буд. Дар маҷмуъ теъдоди фавтидагон аз ин маризӣ 123 нафар арзёбӣ шудааст.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 15 август дар кишвар 16121 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 15756 нафар (97,7%) шифо ёфтаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.