Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Вазорати тандурустӣ омори нави коронавирус дар Тоҷикистонро нашр кард

Рӯзи гузашта шумораи шифоёфтагон нисбат ба сироятёфтагон бештар буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 авг – Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи сироят, шифо ва марг аз коронавирусро дар Тоҷикистон нашр кард.
Бино бар иттилои манбаъ, 14 август дар Тоҷикистон шумораи шифоёфтагон нисбат ба сироятёфтагон бештар буд.
Ҳамин тавр, дар як шабонарӯзи гузашта 64 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус тасдиқ ёфта, 78 кас шифо ёфтаанд.
Яке аз роҳбарони собиқадор дар Хатлон даргузашт: аз коронавирус азият мекашид
Хушбахтона, бино бар иттилои вазорат, нафаре тайи як рӯзи гузашта қурбони коронавирус нашудааст.
Дар умум, дар Тоҷикистон 16 ҳазору 61 нафар мубталои коронавирус шуда, 15 ҳазору 671 нафар аз он шифо ёфтаанд ва мутаассифона 123 нафар дар пайи ин вирус фавтидаанд.
Вазорат аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки чораҳои беҳдоштиро риоя кунанд - ниқоби тиббӣ пӯшанд, фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд ва ваксин гиранд.