ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Толибон (ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия) ба пойтахти Афғонистон наздик шуда, ҳузури худро дар як қатор минтақаҳо нишон доданд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон бо такя ба корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ.
Дар ҳоли ҳозир, маълум аст, ки Толибон ноҳияи Бағрамии устони пойтахт, қаламрави Донишгоҳи Кобул, кварталҳои 13 ва 18 Кобулро ишғол кардаанд.
Ин маълумотро Вазорати корҳои дохилии Афғонистон низ тасдиқ мекунад.
Маъмурияти президент хабар медиҳад, ки вазъ дар пойтахт "таҳти назорат аст, ба шаҳр ҳамлае нест".
Толибон эълон карданд, ки музокирот барои интиқоли Кобул ба онҳо бидуни ҷанг идома дорад. Ҳамчунин, ба ҷангиён дастур дода шуд, ки ҳамла накунанд. Бо вуҷуди ин, сокинони маҳаллӣ ва рӯзноманигорон аз тирандозӣ дар ин шаҳр хабар медиҳанд.
Толибон ҳамчунин гуфтанд, ки ба кормандони сафорати Русия дар Кобул ва дигар дипломатҳо кафолатҳои амниятӣ хоҳанд дод.
Бино ба маълумоти нав, ҷангҷӯён дар ҷанубу ғарби Кобул ҳамонҳое мебошанд, ки пештар низ буданд, аммо фаъол набуданд. Нерӯҳои асосии Толибон ҳанӯз вориди пойтахт нашудаанд.