ДУШАНБЕ, 15 авг - Sputnik. Шаҳрвандони хориҷӣ бояд Кобулро тарк кунанд ё дар ниҳодҳои марбутаи ояндаи Толибон* (ҳаракати экстремистӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) сабти ном шаванд. Дар ин бора расонаҳои эронӣ дар истинод ба намояндаи толибон хабар медиҳад.
Намояндаҳои ин ҳаракати экстремистӣ қаблан гуфта буданд, ки амнияти ҳамаи дипломатҳоро дар Афғонистон таъмин хоҳанд кард.
Дар пасманзари суқути Кобул дар як қатор сафоратхонаҳои хориҷӣ бетартибӣ ҳукмфармост, зеро онҳое, ки мехоҳанд раводид бигиранд ва аз кишвар хориҷ шаванд, навбат меистанд ва талош мекунанд ҳарчӣ зудтар ҳуҷҷатҳои заруриро ба даст оранд.
Дар банкоматҳо низ одамони зиёде навбат меитанд. Сокинони пойтахт низ ба таври оммавӣ шаҳрро тарк мекунанд.
Ҳамчунин гузоришҳо мавҷуданд, ки Толибон фурудгоҳи байналмилалии Кобулро иҳота карда, вориди қаламрави он шудаанд, аммо қасди забти онро надоранд.
Бино ба охирин маълумот, президент Ашраф Ғанӣ расман дар зудтарин фурсат истеъфо хоҳад дод ва ҳукумати муваққатӣ ташкил хоҳад шуд.