ДУШАНБЕ, 15 авг - Sputnik. Сармуфтии Ӯзбекистон Усмонхон Темирхон ӯғлу Алимов даргузашт, хабар медиҳад Раёсати мусалмонони ҷумҳурӣ.
Гуфта мешавад, муфтӣ дар яке аз бемористонҳои Маскав аз илтиҳоби шуш ва пайомадҳои он табобат мегирифт.
Ҳамчунин, Темирхон ӯғлу аз бемории қалбу рагҳои хунгард азият мекашидааст.
Ниҳод хидматҳо ба дин ва инчунин талошҳои муфтиро дар роҳи маърифат қайд кард.
Идораи мусалмонони Ӯзбекистон ба пайвандон, дӯстон ва мусалмонони кишвар дар робита бо даргузашти Алимов изҳори ҳамдардӣ кардааст.