ДУШАНБЕ, 15 авг - Sputnik. Кобули расмӣ ба ҳама намояндагиҳои дипломатӣ дархост кард, ки фавран тарки кишвар кунанд. Ин дархост бо шиддат ёфтани бениҳояти вазъи кишвар марбут аст: Толибон қариб ба пойтахт наздик шуданд.
Бар асоси гузоришҳои таъйиднашуда, онҳо аллакай 20 километр дуртар аз Фурудгоҳи Байналмилалии Кобул қарор доранд.
Хабар дода мешавад, ки амнияти дипломатҳоро ҳангоми хуруҷ нерӯҳои Амрико ва Британияи Кабир таъмин мекунанд.
Ҳамчунин маълумоте паҳн шудааст, ки дар як канори Кобул нерӯҳои Толибон (ҳаракати экстремистии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия - идора) -ро аз ҳаво ҳамла кардаанд. Бино бар иттилои пешакӣ, нерӯҳои ҳавоии Амрико онҳоро тирборон кардаанд.
Чехия, Британияи Кабир, ИМА, Италия ва як қатор кишварҳои дигар аз рурра кӯчонидани сафиронашон хабар додаанд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон намояндагиҳои худро дар Мазори Шариф, Файзобод ва дар вилояти Бадахшон бастааст. Маълумот дар бораи бозхонди дипломатҳо ҳанӯз нашр нашудааст.