ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Қарори манъи вуруд ба Русия дар нимаи аввали соли ҷорӣ нисбати наздики 99 ҳазор хориҷӣ қабул шудааст.
Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба маркази матбуоти ВКД Русия хабар дод.
"Дар нимаи аввали соли 2021 бо сабабҳои гуногун қариб 99 ҳазор нафар ба Русия иҷозаи вуруд нагирифтанд", - гуфта мешавад дар паём.
Қаблан муовини аввали вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия генерал-полковники милитсия Александр Горовой гуфта буд, ки ҷинояткорӣ дар Русия дар байни шаҳрвандони хориҷӣ аз аввали сол 5% афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин хабар дода шуд, муҳоҷироне, ки дар задухӯрдҳо иштирок мекунанд, метавонанд як умр аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шаванд.
Дар ҳамин ҳол, аз аввали соли 2021 даромади муҳоҷирони корӣ дар Русия якбора афзоиш ёфт.
Ҳамин тавр, дар моҳи июн шаҳрвандони хориҷие, ки дар Федератсияи Русия кор мекунанд, ба ватан 720 миллион доллар интиқол доданд - ин беҳтарин нишондод дар се соли охир ба шумор меравад.