Нахустин иқдоми Устод Ато дар мақоми фармондеҳ: Дӯстум аз ӯ ҷонибдорӣ кард - видео

Ато Муҳаммади Нур, раиси Ҷамъияти исломии Афғонистон, аз ташкили марказҳои сабти ихтиёриён ба сафи басиҷи мардумӣ хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Ато Муҳаммади Нур, ки дар ҳамоиши чеҳраҳои шинохтаи шимоли Афғонистон фармондеҳи басиҷҳои мардумӣ интихоб гардид, аз таъсиси марказҳои сабти ихтиёриён барои муқовимат алайҳи Толибон* хабар дод.
Барои сарҷамъии тамоми нерӯҳо алайҳи адӯи мардуми афғон ва ҳифзи қисматҳои шимоли кишвар созиш шуд, хабар додааст Sputnik Афғонистон.
Маршал Дӯстум низ дар пайи ҳамоиши фармондеҳони шимоли Афғонистон изҳор доштааст, ки бо баҳои хун ҳам агар бошад бояд Балхро ҳифз кард. Ӯ гуфтааст, ки дар марҳилаи кунунӣ агар ба хиёнат роҳ диҳанд, барои ҳамеша дар хотири насли оянда хоин хоҳанд монд.
Инчунин дар мавриди пуштибонии сипоҳи “Шоҳин” зери фармондеҳии генерал Забеҳулло Моманд аз нерӯҳои мардумӣ созиш шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Амруллоҳ Солеҳ, ноиби аввали раисиҷумҳури Афғонистон низ изҳор дошт, ки то охир алайҳи Толибон* мубориза хоҳад бурд ва шарту шароитеро, ки ҷангиёни ин ҳаракат "дикта" намоянд, қабул надорад.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Чашми ало" -и Толибон* ба Осиёи Марказӣ: суҳбати халабони аз асорат фироркарда
Бар гузоришҳои ахир қисмати шимолу шимоли шарқи Афғонистон ба дасти Толибон* гузашта, музофоти Панҷшер ва шаҳри Мазори Шариф аз ангуштшумор минтақаҳои калидии қисмати шимол мебошанд, ки Толибон* дар он ҳанӯз қудрат надоранд.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар