Ҳарорат дар Вахш то 5 дараҷа поин оварда шуд: профессори тоҷик роҳи пешгирии гармиро гуфт

Олими тоҷик роҳи поин овардани гармии ҳаворо баён дошта, минтақаи Вахши Тоҷикистонро мисол овард, ки то 5 дараҷа ҳаво дар он сардтар шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Профессор Абдулҳамид Қаюмов, мудири Маркази омӯзиши пиряхҳо” – и Академияи улуми Тоҷикистон, мегӯяд, барои пешгирӣ кардани таъсири гарм­шавӣ ба пиряхҳо сохтани обанборҳо ва шинондани дарахтон мусоидат мекунад.
"Вақте як обанбор сохта мешавад, дар масофаи 80 — 100 километр ҳарорати ҳаво паст мегардад. Масалан, минтақаи Вахш як чӯли тафсон буд. Замони шӯравӣ обёрӣ шуд ва ҳарорати ҳаво аз 3 то 5 дараҷа поён фаромад", - изҳор дошт Қаюмов дар суҳбат бо нашрияи парлумонии "Садои мардум".
Ӯ афзуд, ки феълан дар сатҳи ҷаҳонӣ ду давлат — Италия ва Тоҷикистон ин корро мекунанд ва таъкид намуд, ки сиёсати дарахтзоркунии Тоҷикистон ба ҳамин мақсад равона карда шудааст. Профессори тоҷик муътақид аст, ки обёрикунӣ низ яке аз роҳҳои паст кардани ҳарорати ҳаво ҳаст.
Ба суол, ки айни замон вазъ дар кадом пирях ташвишовартар аст, Қаюмов посух додааст, дар пиряхҳое, ки аз як километр камтар масоҳат доранд, зеро ба раванди гармшавӣ тоб намеоранд.
“Дер нашавад”: президенти Академияи миллии илмҳо мушкили №1-ро ном бурд
"Чунин пиряхҳо аз ҷиҳати миқдор 80 дарсад, аммо аз ҷиҳати ҳаҷм 15 дарсадро ташкил мекунанд. Аз онҳо чашма ва рӯдҳое ташаккул меёбанд, ки барои хоҷагии халқ манбаи об ба ҳисоб мераванд. Табиист, ки аз байн рафтани онҳо хатари зиёдеро ба дунбол дорад", - нигаронӣ кард профессори тоҷик.
Ба гуфтаи ӯ, пиряхҳои Помири Шарқӣ нисбат ба пиряхҳои болооби Зарафшон ва Варзоб устувортар ҳастанд ва афзудааст, ки дар болооби Зарафшону Варзоб коҳишёбӣ зиёд ба назар мерасад. Бориши барф дар ин минтақаҳо 1,5-2 то 3 метр, дар Помири Шарқӣ бошад, ҳамагӣ 15 — 20 сантиметр аст, илова намуд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон, ки аз сарчашмаҳои асосии об дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд, боиси нигарониҳо гардидааст.