ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Дабири кулли СММ Антонио Гуттереш гуфт, вазъ дар Афғонистон аз назорат берун мешавад.
Ӯ дар як баёнияи вижа дар бораи вазъи кишвар гуфтааст: "Фоҷиаи мудҳиш барои мардуми азияткашида. Афғонистон аз назорат берун мешавад".
Бино ба гузориши ӯ, танҳо як моҳи охир беш аз 1000 нафар қурбони ҳамлаҳо шуданд ва ҳадди ақал 241 000 нафар бехонумон монданд.
Дар ин росто, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттереш аз Толибон* даъват кард, ки амалиётро дар Афғонистон қатъ кунанд ва ҳушдор дод, ки зӯроварӣ барои қудрат боиси ҷанги шаҳрвандӣ ё инзивои ин кишвар мешавад.
"Ман аз Толибон* даъват мекунам, ки ҳамлаҳоро фавран бас кунанд ва ба манфиати Афғонистон ва мардуми он бо нияти нек гуфтушунид кунанд", - омадааст дар изҳорот.
Гуттереш ҳушдор дод, ки тасарруфи қудрат ба зӯрӣ метавонад ба "ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ ё инзивои пурраи Афғонистон" оварда расонад.
Дабири кулли СММ аз нишонаҳои аввалини нақзи ҳуқуқи башар дар минтақаҳои Афғонистон, ки таҳти назорати Толибон* қарор гирифтаанд, сахт нигарон аст.
"Ман аз аввалин нишонаҳои нақзи ҳуқуқ, ки Толибон* дар манотиқи таҳти назораташон, махсусан нисбати занон ва рӯзноманигорон доранд, сахт нигарон ҳастам", - гуфт ӯ.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар