ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Ташкили хуруҷи сареъи низомиёни амрикоӣ ва нодида гирифтани суръати Толибон*, барои ба зудӣ ишғол кардани кишвар, иштибоҳҳои фоҷиабори Ҷо Байден дар Афғонистон буданд, менависад РИА Новости.
Дар ин бора шореҳи сиёсӣ Алекс Уорд гуфтааст. Муаллифи мақола бар ин назар аст, ки тасмими хуруҷи нирӯҳо аз Афғонистон пас аз бист соли ҷанг комилан дуруст буд. Аммо, дурандешии маъмурияти ИМА боиси он шуд, ки тақрибан 3 ҳазор сарбоз барои интиқоли кормандони сафорати Амрико ба Кобул фиристода шуданд.
Ба андешаи ӯ, ин як фалокати воқеӣ аст. "Корҳо то андозае чатоқ аст, ки фиристодаи вижаи ИМА Залмай Хализод аз Толибон* хоҳиш дорад, то дар сурати забт шудани пойтахт ба сафорат ҳамла накунанд", - мегӯяд Уорд.
Мутахассис суханони корманди собиқи Пентагон, Ҷон Ҳансро дар давраи раёсати Барак Обама ба ёд меорад, ки гуфтааст, хотима додани ҷанг чун ба дасти овардани ғалаба зиракӣ ва талошро талаб мекунад.
Сиёсатшинос қайд мекунад, ки ҳукумати ИМА тасарруфи Афғонистон аз ҷониби Толибонро* пешбинӣ карда буд, аммо интизор набуд, ки ин кор бо чунин суръат сурат хоҳад гирифт, ба вижа таслим шудани шаҳрҳои бузург.
Сарфи назар аз он, ки аксари сиёсатмадорон ва намояндагони ҷомеа фаъолона аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ҷонибдорӣ мекарданд ва аз ин рӯ ташаббуси Байденро дастгирӣ менамуданд, вале, ба гуфти муаллиф, қарори ниҳоӣ комилан аз ӯ вобаста буд.
Вазъи низомӣ-сиёсии Афғонистон моҳи июн дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ бад шуд.
Нерӯҳои ҳукуматӣ талош доранд, ҳамлаи ҷангҷӯёнро ҷилавгирӣ кунанд, аммо тибқи маълумоти расмӣ, беш аз 398 манотиқ беш аз 200 шаҳристон таҳти назорати Толибон* қарор гирифтаанд.
Хусусан задухӯрди шадид байни низомиён ва ҷангиён дар наздикии марзҳои Тоҷикистону Эрон сурат гирифт.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар