ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Муҳаммад Наим, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон* ба хабаргузории Sputnik гуфт, ки интиқоли босуръати як қатор шаҳрҳои бузурги Афғонистон таҳти назорати Толибон*, нишонаи он аст, ки мардум аз онҳо пуштибонӣ мекунад.
"Дар ин маврид шумо медонед, ки вилоятҳое, ки бо муҷоҳиддин якҷо мешаванд тариқи зурӣ нест ё ин маъқул аст, ки дар як ҳафта ё да рӯз дар ҳудуди 14 вилоятҳои бузурги кишвар аз аз тариқи зурӣ тасхир шавад, дар ҳақиқат ин ҳам ризояти миллат ва муҳаббати миллат ба муҷоҳидини Имороти исломӣии Афғонистон аст ва онҳо борҳо аз давлати Имороти исломии Афғонистон пуштибонӣ мекунанд", - таъкид доштааст Муҳаммад Наим
Вай афзуд: "дар асл ин дастгирии муҷоҳиддини Аморати Исломии аз сӯи миллати Афғонистон аст. Ин барои ҳама возеҳ аст ва барои касе пӯшида нест".
Қаблан сухангӯи дафтари сиёсии Толибон* гуфта буд, ки вилоятҳои Афғонистон ихтиёран қудрати Толибонро пазируфтаанд ва аз ҷониби ин гурӯҳ ҳеҷ нерӯе истифода нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Афғонистон муқовимати нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангҷӯёни Толибон* чанд сол боз идома дорад, ки дар моҳҳои ахир онҳо шиддат гирифтанд ва ҷангҷӯёни ин гурӯҳ минтақаҳои назаррасро ишғол намуда, ба шаҳрҳои бузург ҳамла карданд. Шиддати вазъ дар ҳоле сурат мегирад, ки нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар хориҷ мешаванд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.