ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Арзиши гази моеъ тайи ду рӯзи охир то ба 7 сомонӣ расидааст. Дар баъзе шаҳру навоҳии Суғд арзиши ин навъ маводи сӯхт аз 7 сомонӣ низ боло рафтааст, мегӯянд сокинон.
Убури нархи газ аз 7 сомонӣ дар Тоҷикистон бесобиқа унвон шуда, бисёре сокинон аз гароншавии нарх изҳори нигаронӣ мекунанд.
Тибқи нишондоди лавҳаҳои нарх дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ давоми ду рӯзи охир арзиши гази моеъ аз 20 то 30 дирам боло рафта ба 7 сомонӣ ва дар баъзе нуқтаҳо ба 7, 1 сомонӣ баробар шудааст.
Нархи бензин ҳам дар ин миён ҳудуди 20 дирам боло рафтааст. Алҳол нархи бензини навъи АИ 95 – 10, 2 сомонӣ, АИ 92 - 9, 9 сомонӣ шудааст.
Бино ба нархномаи ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт, қиммати сӯзишвории дизелӣ назар ба як ҳафта қабл то 10 дирам поён шуда, ба 9, 3 сомонӣ ва дар баъзе ҷойҳо ба 9, 1 сомонӣ баробар гардидааст.
Дар муқоиса бо аввали соли ҷорӣ нархи гази моеъ 3 сомонӣ ва сӯзишвории дизелию бензин аз 3 то 3, 4 сомонӣ ё аз 40 то 45% баланд шудааст.
Моҳи январи соли дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҷорӣ гази моеъ ҳудуди 4 сомонӣ ва бензину сӯзишвории дизелӣ то 7 сомонӣ нарх доштанд. Мусофирон мегӯянд, дар пайи гарон шудани нархи маводи сӯхт, ҳоло арзиши хизматрасонии мусофирбарҳо низ дар шаҳру навоҳии Суғд то 50 дарсад боло рафтааст.
Масъулони идораи зиддиинҳисорӣ то ҳол сабаби ба таври бесобиқа боло рафтани арзиши маводи сӯхтро расман шарҳ надодаанд. Сокинон мегӯянд, болоравии арзиши маводи сӯхт ба буҷаи бе ин ҳам харобашон зарбаи ҷиддист.